Ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуд

Октябрь 7, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100,76 фоиз иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати омори вилояти Хатлон хабар доданд.

Тибқи иттилои агентӣ, то имрӯз кишоварзони ин ноҳия  22 ҳазору 268,4 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Ин нишондиҳанда дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят аз ҳама беҳтар аст.

Кишоварзони ноҳия дар ҷамъоварии умумии пахта  дар вилоят саҳми арзанда гузошта, ҳосилро пеш аз муҳлат ҷамъоварӣ намуданд. Иҷрои нақша аз сари вақт ба анҷом расонидани корҳо, таъмини техникаи кишоварзӣ ва обу ҳавои мусоид вобаста аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар ва Дӯстӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд. Дар маҷмуъ, ҷамъоварии пахта дар саросари вилоят идома дорад. Коршиносон нисбат ба соли 2024 тамоюли мусбатро иброз доштанд.

Тибқи пешгӯиҳои соҳаи кишоварзӣ, ҳосили умумии пахта дар вилояти Хатлон дар мавсими имсола метавонад аз нишондиҳандаҳои соли 2024 зиёдтар бошад. Ин аз афзоиши самараноки соҳаи пахтакории минтақа дарак медиҳад.

АКС: Раёсати омори вилояти Хатлон

Октябрь 7, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд