Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад

Октябрь 7, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон, донишҷӯён ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ менамоянд.

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Дар Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бо мақсади тақвияти раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии мамлакат бо ибтикори навбатии Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд