Корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Anuga» иштирок доранд

Октябрь 6, 2025 12:03

ДУШАНБЕ, 06.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 корхонаи коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузурги байналмилалии «Anuga», ки аз 4 то 8 октябр дар шаҳри Кёлни Олмон баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ» (TPE), ки маблағгузораш Swiss Cooperation — Tajikistan мебошад, амалӣ мегардад.

Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкон фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории минбаъдаи тиҷоратиро баррасӣ намуда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозори ҷаҳонӣ шинос шаванд.

Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати табиӣ ва беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон ғурфаи мамлакат мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд ва дари имконоти нави тиҷоратиро боз мекунанд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Anuga» яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки ба ғизо ва нӯшокиҳо бахшида шудааст. Намоишгоҳ таърихи 100-сола дошта, муҳимтарин макони вохӯрии намояндагони саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо мебошад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2025 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад