Байни Тоҷикистон ва БАТР якчанд созишномаи нав ба имзо расид

Октябрь 6, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Бауман мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо нақши Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро дар рушди устувори иқтисодиёт, бахусус дастгирии инфрасохтор, энергетикаи «сабз» ва молияи бонкӣ таъкид намуданд.

Ҳамзамон дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда (неруи офтобӣ) тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ, густариши «молияи сабз», беҳдошти хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва пешбурди рақамикунонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Зимни мулоқот маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» ба маблағи 4,8 миллион евро, аз ҷумла 2,4 миллион евро қарз ва 2,4 миллион евро грант, инчунин кумaки техникӣ ба маблағи 450 ҳазор евро ва лоиҳаи «Модернизатсияи низоми таъминоти гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба маблағи 6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз ба имзо расонида шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо истифодаи имконияти молиявии бонк иброз доштанд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид