Дар Чини Марказӣ ҷасади 13 коргари кон пайдо шуд

Январь 15, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳалокати 13 коргари соҳаи кӯҳкорӣ дар кони ангишти шаҳри Пиндиншан (музофоти Хэнан дар Чини Марказӣ) тасдиқ шуда, се тани дигар бедарак ҳисобида мешаванд. Дар ин хусус намояндаи корхонаи Tianan Coal Mining, ки соҳиби кон мебошад, иттилоъ додааст.

Ҳодисаи изтирорӣ рӯзи ҷумъа, соати 14:55 ба вақти Пекин рух дод. Бино ба маълумоти пешакӣ, сабабаш хориҷ шудани газу ангишт будааст.

Корҳои наҷотдиҳӣ идома дошта, ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 15, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид