Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мавзуи «Экстремизм ва терроризм – таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Экстремизм ва терроризм – таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ» бо иштироки доираи васеи коршиносон ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ зимни оғози ҳамоиш таъкид намуд, ки «дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои давлатсозиву давлатдории ҳар миллати тамаддунофар маҳсуб мешуд ва имрӯз низ ин масъала авлавияти худро гум накардааст. Мутаассифона, бо суръати баланд паҳн шудани идеологияи созмонҳои экстремистиву террористӣ нигаронкунанда буда, авзои сиёсии ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам печидаву мураккабтар гардонидааст ва ҳолати баамаломада аз мамлакатҳои ҷаҳон тақозо менамояд, ки зидди ин падидаи манфии ҷомеа муборизаи дастҷамъона баранд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва минтақавиву ҷаҳонӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими суботи сиёсии ҷумҳурӣ», «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳншавии идеологияи экстремистӣ ва террористӣ», «Асосҳои сиёсӣ-ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва террориз», «Пайомадҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
Гуфта шуд, ки солҳои охир ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, тундраву ифротгаро яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар боқӣ монда, мусибат ва хатарҳои мудҳиш дар пай дорад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу савияи дониши сиёсиву динӣ ва эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ ҷиддан ва сидқан муносибат намоем.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров