Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ доир ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд

Январь 4, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Омӯзиши нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки ҳайати профессорон, устодон ва кормандон ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ ба мактабу маориф ҷойгоҳи шоиста дорад. Зеро рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон таъкид шудааст, рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар ҳамоиш оид ба масъалаҳои дигари меҳварии ин ҳуҷҷати ниҳоят муҳим, ба мисли таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба сифати таълим, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ сухан рафт.

Иштирокдорон дар мавзуъҳои «Бозтоби масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Инъикоси масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Саҳми Паёми Президенти Тоҷикистон дар баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», «Нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» ва «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Тоҷикистон» табодули назар намуданд.

Иброз гардид, ки воқеан Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 мамлакати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Дар хотима ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ ва устодон дар робита ба ишғоли ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» дар оинаи таърихи миллат», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тақдим гардид.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳар фарди ҷомеа ба сифати дастури раҳнамунсоз ва ҳидоятгар хизмат намояд ва ҳамагон дар ҳамбастагӣ дар татбиқи амалии нуктаҳои он саҳм гузоранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 4, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст