Дар Душанбе 30 электробуси нав муаррифӣ ва Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав ва ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон» дар пойтахт иштирок намуданд.
Дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Ин нақлиёт 12 метр дарозӣ, 32 ҷойи нишаст доранд ва ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда мебошанд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар зарфи 6 соли охир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр пурра бо автобусҳои замонавӣ, дар маҷмуъ 410 адад аз корхонаи ватанӣ таъмин гардидаанд.
Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350кВт соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш ба 300 км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати ҳаррӯза бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёт дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ барои 30 электробус бунёд гардида, барои истифода пурра омода мебошанд.

Ҳамчунин имрўз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 4000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иншоот дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бунёд гардида, аз таҳхона ва се ошёна иборат аст. Он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 26 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад. Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.
Бинои мазкур дорои ошхона бо 70 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд






