Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баргузор гардид

Январь 12, 2024 15:08

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2023 ва нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ- ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии мамлакат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии мамлакат ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия намояндагони вазорату идораҳо сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО барои соли 2024 тасдиқ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 12, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд