Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба парвариши дарахти павловния шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар заминҳои Хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба парвариши дарахти павловния шуруъ намуданд. Он давоми як сол аллакай нашъунамо ёфта, зиёда аз 5 метр қад кашидааст.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлаталӣ Ёрматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ, инчунин хоҷагидорони ноҳияи Ҳамадонӣ 1200 бех дарахти павловния шинонида шуд, ки нашъунамои хуб доранд.
«Ин дарахт бисёр дарахти зебо ва обталаб будааст. Ниҳолҳои онро мо танҳо ба хотири санҷиш шинонидем, ки дар як сол 5 метр қад кашиданд. Мо боварӣ ҳосил намудем, ки онро дар заминҳои мо низ парвариш намудан мумкин будааст. Соли оянда ният дорем, ки шумораи дарахтони павловнияро ба 10 ҳазор ҳазор бех расонем», — гуфт Давлаталӣ Ёрматов.
Изҳор гардид, ки дар айни замон дар ҳудуди шаҳраку деҳот, муассисаву ташкилот ва ҷамоатҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беш аз 45 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг, 49 ҳазор дона қаламчаи гули лола, 2400 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва 2100 бех дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






