Дар пойтахти Қазоқистон бинобар ҳавои номусоид хадамоти коммуналӣ ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд
ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона бинобар вазъи ҳавои номусоид хадамоти коммуналӣ ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи чоршанбе хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ хабар додааст.
Беш аз 1600 техникаи махсус ва зиёда аз 2400 коргари роҳ барои тоза намудани кӯчаҳо аз барф ба басти рӯзона баромаданд, аммо бар асари бориши зиёд кор бо навбат ва ба таври шабонарӯзӣ доир мешавад.
Илова бар ин, тавре ки дар идораи маорифи шаҳри Остона хабар доданд, 10 январ хонандагони синфҳои 0 – 4 — и басти дуюм ба шакли таҳсили фосилавӣ гузаронида шуданд.
Дар ширкати City Transportation Systems ишора намуданд, ки дар шаҳр 13 хатсайри наздишаҳрӣ муваққатан боздошта шудааст.
Хадамоти матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Остона иттилоъ дод, ки аз 75 парвози рӯзи чаҳоршанбе 7-тоаш бо сабабҳои техникӣ ба таъхир афтодааст. Барои аз барф тоза намудани майдони фурудгоҳ 10 техникаи махсус ҷалб шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






