Дар шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Фармоишгари иншоот Авазхон Гадоев мебошад. Бино бо маблағи умумии 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат буда, дар он зиёда аз 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Идриси Ҷаҳон» таҳия гардида, корҳои сохтмонии иншоот соли 2019 оғоз гардидаанд.
Дар айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд.
Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо имконоти муассиса ва фаъолияти марказҳо таъкид намуд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон









Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад






