Дар Таиланд дар чор рӯзи таътили солинавӣ шумораи ҳалокшудагони садамаи нақлиётӣ ба 190 нафар расид

Январь 3, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагони садамаҳои нақлиётӣ дар давраи аз 29 декабри соли 2023 то 1 январи соли 2024 дар Таиланд ба 190 нафар расида, зиёда аз 1,5 ҳазор нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи Bangkok Post хабар додааст.

Мақомоти Таиланд қаблан аз эҳтимоли афзоиши шадиди шумораи ҳалокшудагони садамаи нақлиётӣ дар давраи таътили солинавӣ, ки 2 январ ба анҷом мерасад, изҳори нигаронӣ намуда буданд.

Тибқи иттилои маркази маълумотдиҳии садамаҳои нақлиётии Таиланд, дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳ дар Таиланд соли гузашта беш аз 13,5 ҳазор нафар ҳалок ва зиёда аз 773 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар соли 2023  589 шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок гардида, 21,8 ҳазор нафар осеб дидаанд. Русия дар феҳристи кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ фавтида ё маҷруҳ шудаанд (19 нафар ҳалок ва 1,35 ҳазор нафар захмӣ шудаанд), пас аз Мянма, Камбоҷа ва Лаос, ки шаҳрвандонашон асосан ба ҳайси муҳоҷири корӣ ба Таиланд меоянд, дар ҷои чорум қарор гирифт.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад