ДАРАХТ БИНШОН! Бо оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хуҷанд беш аз 300 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд

Январь 8, 2024 14:52

СУҒД, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти вилояти Суғд дар майдони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, шинонида шуданд. Дар ин хусус  ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба масъулин барои оғози корҳои сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист супоришҳои мушаххас дод.

Дар доираи ин маърака дар кӯчае, ки дар байни микроқасабаҳои 8 ва 12-и шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, беш аз 300 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд.

Дар шаҳри Гулистон низ бо иштироки Раиси вилояти Суғд ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят расман оғоз ёфта, дар шаҳрҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва дигар минтақаҳо сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо идома дорад.

Кормандони соҳаҳои гуногун дар ин ҳашарҳо муташаккилона саҳм мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Январь 8, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад