ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ беш аз 600 бех дарахтони зардолу ва сӯзанбарг шинонида шуд

Январь 6, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва иштироки  сокинони ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия дарахтони зардолу ва сӯзанбарги ҳамешасабз, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, шинонида шуд.

Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Восеъ Фирӯз Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо мақсади сарсабзу хуррам ва зебо гардонидани кӯчаю маҳал, шаҳраку деҳот ва ҷамоат бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Восеъ  якҷо бо сокинон дар Ҷамоати деҳоти Гулистон 300 бех дарахти мевадиҳандаи зардолу ва 300 бех ниҳоли сӯзанбарги ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳал дар ҷамоатҳои деҳоти Абдӣ Авазов, Вайсов, Миралӣ Маҳмадалӣ ва Худоёр Раҷабови ноҳия бо иштироки сокинон ҳашари ниҳолшинонӣ идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд