ДАРАХТ БИНШОН! Дар маҳаллаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷалби 320 корманди зерсохтори Раёсати тандурустӣ 1500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз (арча) шинонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе.
Ин тадбир дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе анҷом дода шуд.
Ин иқдом ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Сарвари давлат мусоидат менамояд.
АКС: Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






