ДАРАХТ БИНШОН! Дар маркази шаҳр ва дигар мавзеъҳои шаҳри Норак ниҳоли дарахтон ва гулҳои гуногун шинонида шуд
НОРАК, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Дӯконӣ, Пули сангин, маркази шаҳр ва мавзеи Найзираки шафати шоҳроҳи Душанбе-Данғара зиёда аз 8700 бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ, 100 ҳазору 150 дона гулҳои гуногун шинонида шуданд. Дар ин хусус мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак Акобир Ҳасанов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Мувофиқи нақша, солҳои 2023-2024 дар шаҳри Норак бояд 34 ҳазор бех ниҳол ва 387 ҳазор дона гулу буттаҳо шинонида шаванд. Хушбахтона, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бобати ҳифзи муҳити зист сокинони шаҳри Норак тариқи ҳашарҳои умумӣ нақшаи дарахтшинонию сабзазоркуниро иҷро менамоянд.
Дар шаҳри Норак гармхона мавҷуд аст, ки дар он гулҳои мавсимӣ парвариш мешаванд. Аз ин ҳисоб дар гулгаштҳои шаҳр 47 500 дона гули лола, 72 600 бех гули садбарг ва 266 ҳазору 900 дона гулҳои мавсимӣ шинонида мешаванд. Дар иртибот ба ин ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ сокинон ва кормандони гуногункасби шаҳри Норак дар ҳашарҳои оммавӣ фаъолона иштирок намуда, бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар беҳдошт ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист саҳми муносиб мегузоранд.
Дар раванди ниҳолшинонӣ маслиҳату роҳнамоии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ ба эътибор гирифта мешавад.
АКС: Бахши ҳифзи муҳити зисти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






