ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Дӯстӣ 37 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ҷамоат, шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо истифода аз мавсими мусоиди ниҳолшинонӣ маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ баргузор шуд. Зимни он бо тавсияи мутахассисони соҳа дар шафати роҳҳо, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар макони ҷамъиятиву фарҳангӣ-фароғатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ин тадбири экологӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бобати ҳифзи муҳити зист андешида шудааст.
Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ зимни ин тадбири экологӣ изҳор дошт, ки “дар ин мавсим дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ шинонидани беш аз 37 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 200 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ, бахусус садбарг ва лола ба нақша гирифта шуда, барои таъмини ин нишондиҳанда шароити муносиб муҳайё мебошад. Дар иртибот ба ин ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат сокинон ва кормандони гуногункасб дар ҳашарҳои оммавӣ фаъолона иштирок намуда, барои шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасаб ва гулу буттаҳои ороишӣ дар беҳдошт ва сабзу хуррам гардонидани муҳити саҳми муносиб мегузоранд”.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






