ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Дӯстӣ 37 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад

Январь 15, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар  ҷамоат, шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо истифода аз мавсими мусоиди ниҳолшинонӣ маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ баргузор шуд. Зимни он бо тавсияи мутахассисони соҳа дар шафати роҳҳо, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар макони ҷамъиятиву фарҳангӣ-фароғатӣ ниҳоли дарахтони  сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин тадбири экологӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бобати ҳифзи муҳити зист андешида шудааст.

Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ зимни ин тадбири экологӣ изҳор дошт, ки “дар ин мавсим дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ шинонидани беш аз 37 ҳазор бех ниҳоли дарахтони  сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 200 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ, бахусус садбарг ва лола ба нақша гирифта шуда, барои таъмини ин нишондиҳанда шароити муносиб муҳайё мебошад. Дар иртибот ба ин ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат сокинон ва кормандони гуногункасб дар ҳашарҳои оммавӣ фаъолона иштирок намуда, барои шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасаб ва гулу буттаҳои ороишӣ дар беҳдошт ва  сабзу хуррам гардонидани муҳити саҳми  муносиб мегузоранд”.

    АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд