ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 1000 бех дарахти мевадиҳанда шинонида шуд

Январь 31, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Боғи миллии Сомониёни шаҳри Кӯлоб беш аз 1000 бех дарахтони мевадиҳанда шинонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, барои сарсабзу хуррам гардонидани ҳудуди шаҳр ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» корҳои омодагӣ бомаром идома дошта, дар айни замон шинонидани тухми гули лола дар гулгаштҳо оғоз гардидааст.

Тибқи иттилои мутахассисон, дар шароити Тоҷикистон асосан се давраи ниҳолшинонӣ:  тирамоҳ, зимистон ва аввали  баҳор мавҷуд аст. Ба гуфтаи олимони соҳа, дар фасли зимистон ниҳол шинонидан беҳтар аз он аст, ки дар фасли баҳор ва тирамоҳ  шинонем.  Чунки ниҳоли шинонидаи мо оҳиста-оҳиста ба шароити ҳамон минтақа мутобиқ шуда, то фарорасии фасли баҳор ба нашъунамо оғоз менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Январь 31, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд