ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар ноҳияи Синои пойтахт 500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Январь 22, 2024 11:34

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалигардонии Барномаи нави миллии «мамлакати сабз» барои солҳои 2023 – 2027 ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломов ва шаҳракҳҳои 83 ва 84 ноҳияи Синои пойтахт ҳашари ниҳолшинӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин иқдоми сабзгардонӣ дар мавзеъҳои номбаршуда беш аз 500 бех навниҳоли дарахтони навъи санавбар бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист, аз ҷумла бо назардошти пайомадҳои тағйирёбии иқлим баҳри рушди устувори ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ, ташаккули «иқтисоди сабз» то соли 2037, ба ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, таҳияву қабул ва амалӣ намудани «Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2040», сабзгардонии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ махсус таъкид гардиданд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ амалӣ гаштани вазифаҳои дарпешистода барои боз ҳам ободу зебо гардидани ҷумҳурӣ чорраҳои мушаххас андешида истоданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2024 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд