ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Вакили Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Панҷакент дар ин мавзуъ бо интихобкунандагон суҳбат намуд

Январь 31, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.

Дар доираи он имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода бо ҳайати муаллимону донишҷӯён дар Литсейи техникӣ, Донишкадаи омӯзгорӣ, Коллеҷи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва интихобкунандагони шаҳр мулоқот намуд.

Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас доданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии сол ба ҳисоб меравад. Ин ҳуҷҷате аст, ки доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди мамлакат, сиёсати дохилӣ ва хориҷии онро дар бар мегирад, он инчунин барои ташаккули тадбирҳо ва қарорҳои минбаъда аҳамияти стратегӣ дорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Он ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалияти рушди ҷумҳуриро муайян месозад ва тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод менамояд. Паём ба таҳкими эътимоди миллат ба Сарвари давлат, беҳтар намудани иртибот байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ ва мусоидат ба эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Парвиз Шодизода ҳамчунин вобаста ба ҳадафҳои неку созандаи ҳукумат ва давлат, татбиқи қарорҳои Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои корам, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, пешгирии таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи ватандӯстии ҷавонон, корбарии дуруст дар сомонаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, инчунин таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд.

Сипас, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 иброз намуд, ки мақсади пешниҳоди ин сол он аст, ки ҳар фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад. Дар ин маврид маърифати ҳуқуқӣ ба миён меояд.

Баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январ то 5 феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР. Ва ё ваҳдате, ки бо шарофати он давлатдории миллии тоҷикон дубора эҳё гардид