IRS: Таъсири автомобилҳои тамғаи «Мерседес спринтер» дар муқоиса ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар аст
ДУШАНБЕ, 15.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии роҳи Душанбе –Чанок мунтазам рух дода, сол то сол тамоюли афзоиш касб менамояд. Дар муддати 15 сол зиёда аз 2,3 миллион метри мураббаъ роҳи Душанбе – Чанок таъмиру навсозӣ гардида, бо ин мақсад қариб 300 ҳазор тонна асфалт сарф шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани аз меъёр зиёд бор гирифтани воситаҳои нақлиёт филиали ширкат пайваста тадбир меандешад ва дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуданд. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд.
Имрӯз аксар маврид аз «саҳм»-и фура ва автомобилҳои гаронвазни боркаш дар вайроншавии роҳҳо сухан мегӯянд. Бегуфтугӯ, сарфи назар шудани талаботи мавҷуда аз ҷониби ронандагони ин намуди нақлиёт далели бебаҳс аст. Вале солҳои охир ба ин раванд мушкилии ҷиддии дигар зам шудааст.
Манзури мо истифодаи васеи автомобилҳои тамғаи «Мерседес спринтер» мебошад. Мутахассисон собит намудаанд, ки таъсири харобиовари «Мерседес спринтер»-е, ки «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд»-ро риоя наменамояд, ба асфалт дар қиёс ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар аст.
Моҳиятан бознигарии категория ва танзими ҳаракати «Мерседес спринтер»-ҳо усули таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти «IRS» ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ (бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт) аст. Ин иқдом ба иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» марбут буда, риояи муқаррароти қоидаҳои гуфташуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






