Коршиноси масоили экологӣ: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон «Паёми экологӣ» ном бурд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарогири тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ буда, агар ба муҳтавои он назар намоем, онро метавон «Паёми экологӣ» ном бурд. Зеро Сарвари давлат тамоми мушкилоти давлатдории имрӯзаро аз лиҳози рушди иқтисодӣ, экологӣ, бахусус равандҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ноил шудан ба иқтисоди “сабз”-ро масъалагузорӣ намуданд. Чунин изҳор дошт коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсониятро, ки боиси вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мегардад, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда рабт доданд.
«Бинобар ин аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем»,-изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Ҳасан Асоев, агар аз як ҷониб муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон- ин ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба «давлати сабз» табдил ёфтани Тоҷикистон бошад, паҳлуи дигари муҳтавои Паём моро водор месозад, ки ба масоили таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хосса диҳем. Чунки вобаста ба равандҳои тағйирёбии иқлим имрӯз муаммо ва мушкилоти таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ба яке аз проблемаҳои актуалӣ табдил ёфтааст. «Далел он аст, ки пайомадҳои равандҳои тағйирёбии иқлим боиси коҳишёбии зироати кишоварзӣ мегарданд. Бо ин мақсад имрӯз ҷомеаи башарӣ кӯшиш менамояд, ки дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ба иқтисоди «сабз» ноил гардад. Дар робита ба ин моро зарур меояд, ки вобаста ба мавқеи географии мамлакатамон мафҳумеро ташаккул диҳем, ки тавонем дар рушди иқтисоди миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Агар ба мавқеи географии ҷумҳуриамон назар намоем, маълум мегардад, ки 60 дарсади ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеъҳои баландкӯҳ, 21 дарсад дар ҳудуди миёнакӯҳ, 10 дарсад дар доманакӯҳҳо ҷойгир буда, танҳо 9 фоизи он барои рушди кишоварзӣ имконияти мусоид дораду халос. Яъне, муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки вобаста ба густариши иқтисодиёт тавонем ҳамон арзишҳои илмӣ ё тадқиқотеро ба анҷом расонем, ки таносуби мувозинати табииро таъмин намуда, рушди иқтисоди мамлакатро ба даст оварда тавонанд»,-баён медорад коршинос.
Бояд иброз дошт, ки вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он- хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд мегардад. Дар баробари ин, ба таъкиди Сарвари давлат, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Тоҷикистон соли 2037 воқеан ба мамлакати «сабз» табдил меёбад
Ҳукумати мамлакат бо назардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли энергияи «сабз» ва содироти он дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамин аст, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошта Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур донистанд, ки солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ шаванд:
Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидори нави тавлиди энергияи «сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии мамлакат вусъат дода шаванд.
Дуюм: барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо назардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.
Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Чорум: ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат бахшида шавад.
Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.
Бо амалисозии ин тадбирҳо соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба «давлати сабз» табдил меёбад.
Ба гуфтаи коршиноси экологӣ Ҳасан Асоев, вақте сухан дар бораи иқтисоди «сабз» меравад, дар дунё индикатори рушди “сабз” хеле зиёд аст. Вале вобаста ба мавқеи географии Тоҷикистон иқтисоди «сабз», пеш аз ҳама, дар мисоли рушди соҳаи гидроэнергетика, сайёҳӣ, ба воситаи усули обёрӣ сабзазор намудани талу теппаҳо ва ба ин восита баланд бардоштани самаранокии иқтисодии боғоти мамлакатро ташкил медиҳад. «Имрӯз масоҳати боғҳои ҷумҳурӣ ба 200 ҳазор гектар расидааст. Тибқи баъзе далелҳои илмии дигар, қариб, ки 80 ҳазори онро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳанд. Дар чунин вазъ олимонро зарур меояд, ки он тадқиқотеро ба анҷом расонанд, ки баробари ба даст овардани рушди иқтисоди миллӣ, инчунин таносуби мувозинати табииро таъмин намуда тавонад»,-афзуд коршинос.
Мухолифати назари олимон: Тағйирёбии иқлим ё хусусияти даврӣ доштани он?
Доир ба равандҳои тағйирёбии иқлим дар байни олимону коршиносон ягонагии нуқтаи назар вуҷуд надорад.
Тавре Ҳасан Асоев иброз медорад, як гурӯҳ олимону коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки тақрибан 500 миллион сол пеш ҳарорат дар сайёраи Замин бештар аз 5 дараҷа боло рафта буд. Гурӯҳи дигар бар он фикр мебошанд, ки 100 ҳазор сол қабл ҳам баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мушоҳида шудааст. Як гурӯҳ олимон равандҳои тағйирёбии иқлимро хусусияти даврӣ унвон намудаанд. Чунин тамоюл дар табиат паси ҳам такрор мешавад. «Дар чунин мавридҳо инсониятро зарур меояд, ки навъу намудҳое офарад, ки вобаста ба равандҳои тағйирёбии иқлим тавонад ҳосили дилхоҳ диҳад. Дар қиёс ба навъҳое, ки аз тарафи олимон офарида мешаванд, навъҳои қадимӣ ба касалиҳо тобовартар мебошанд. Шояд аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки хусусияти даврӣ доштани иқлим аз он иборат аст, ки ин намудҳои маҳаллӣ дар давраҳои гуногуни равандҳои даврӣ шояд мутобиқат пайдо намуда бошанд»,-изҳор медорад коршинос.
Гурӯҳи дигари коршиносон равандҳои тағйирёбии иқлимро ба пешомадҳои илму техника вобаста медонанд. Яъне, зиёдшавии рушди илму технология дар ҷаҳон сабаби тағйирёбии иқлим гаштааст. Ин гурӯҳ олимон назари худро чунин баён медоранд, ки дар қиёс ба сад соли пеш миқдори гази карбонат дар табиат боло рафтааст. Афзудани гази карбон дар ҳаво боиси баландшавии ҳарорат дар кураи арз гаштааст. Ба андешаи коршинос, имрӯз вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки ҳарорат дар сайёра ба андозаи 1,5 дараҷа нигоҳ дошта шуда, аз ин боло наравад.
Гурӯҳи сеюми коршиносон бар ин ақида мебошанд, ки тағйирёбии иқлим ба ҳаракатҳои биогеохимиявии Замин вобаста аст. Дар қишри замин даҳҳо реаксияи биогеохимиявӣ мегузаранд, ки боиси баландшавии ҳарорат дар кураи арз мегарданд. Дар баробари ин фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки вақте дар ин ё он минтақа заминҷунбӣ ба амал меояд, ҳароарт дар кураи арз 2 дараҷа баланд мешавад. Ба назари коршиноси мо, солҳои охир зери таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим дар тамоми кураи арз заминҷунбӣ ва лағжиши кӯҳҳо зиёдтар ба амал омадааст. Шояд таъсири он ба ҳаракатҳои биогеохимиявии замин вобаста бошад. Вақте ки мо дар бораи равандҳои тағйирёбии иқлим сухан менамоем, бояд ба як нуқтаи назар таваҷҷуҳ созем. Олимони тоҷикро зарур аст, ки равандҳои тағйирёбии иқлимро аз дидгоҳҳои гуногун вобаста ба мавқеи географии мамлакат омӯзанд ва далелҳои ба дастовардаи мо дар қиёс ба дастовардҳои олимони дигар давлатҳо дақиқу саҳеҳ бошад, ки тавонем дар радифи онҳо назару андешаҳои худро баён намоем.
«Мо пайваста дар бораи равандҳои тағйирёбии иқлим гап мезанем, лекин дар табиат хушксолиҳо вуҷуд доранд. Боре намегӯем, ки кадом солҳо дар мо хушксолӣ омадааст. Бояд мо таносуби равандҳои иқлимро аз характери даврӣ доштани иқлим ва хушксолӣ фарқ намоем. Он гоҳ мо ба масъалагузории равандҳои тағйирёбии иқлим баҳои воқеӣ дода метавонем. Ҳамагон имрӯз дар бораи тағйирёбии иқлим ҳарф мезананд. То ҳол дар Тоҷикистон оид ба масоили равандҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоти пурра анҷом дода нашудааст. Хуб мешуд, агар ин масъала пурра ва дақиқ таҳқиқу баррасӣ мешуд»,-чунин изҳор медорад коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев.
Бояд баён дошт, ки солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҳамин аст, ки дар робита ба ин бо мақсади истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида шуд, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ шаванд. Дар робита ба ин, ба Саридораи геология супориш дода шуд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии мамлакатро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз