Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ, сохтмон, нақлиёт, логистика, молиявию бонкдории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён ҳамкории дуҷониба мунтазам рушд карда, ба сатҳи баланд баромад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба 91,9 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2023 61 фоиз бештар аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми савдо ба 57,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 2,3 маротиба бештар мебошад.
Дар форум гуфта шуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 корхонаи Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият доранд, аз ҷумла Фонди рушди Абузабӣ, «Сипар Гурӯҳ», Оксус ва дигарон.
Дар форум бо назардошти мавҷудияти имконоти васеи истифоданашудаи ҳамкорӣ ва татбиқи ислоҳоти назарраси фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ даъват карда шуданд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, рақамикунонӣ, саноати коркард, истихроҷ, энергияи «сабз», кишоварзӣ, инфрасохтор, логистика ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар фарҷоми форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар қолаби «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) ва «Соҳибкор бо Давлат» баргузор гардиданд, ки ба тавсеаи муносибатҳои тарафайни шарикӣ мусоидат менамоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






