Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Амирии Давлати Қатар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ дар долони Қаср даъват намуд.
Ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар макони пазироии расмии меҳмони олимақом парчамҳои давлатӣ афрохта шуда, сурудҳои миллии ду давлат садо доданд ва фармондеҳи Қаровули фахрии Давлати Қатар ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии ҳайати низомӣ барои истиқболи расмӣ гузориш дод.
Зимни гузаштан аз назди горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парчами ин давлат эҳтиром ба ҷо оварданд.
Баъд аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар дохили Қасри Амирӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду давлат муаррифӣ шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






