МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир давои сулфа буда, хавфи бемориҳои дилро кам менамояд
ДУШАНБЕ, 29.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Меваи дарахти анҷир барои саломатии инсон бисёр муфид буда, агар аз он шарбат тайёр намуда биошоманд, сурфаи кӯҳнаро рафъ сохта, қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд. Ба гурда ва масона нафъ оварда, реги гурдаро меронад. Ин мева гурда ва хичакро аз чизҳои бегона пок месозад. Чунин изҳор медорад устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Малика Насруллоева.
Бояд гуфт, ки анҷирро тар мехӯранд, мехушконанд, аз он мураббо, консерв, полуда (ҷем) ва ғайра тайёр менамоянд. Моддаҳои ғизоии пурқимат на танҳо дар меваҳои анҷир, балки дар барги ин растанӣ низ мавҷуд ҳастанд. Анҷири тар 12 — 18 % ва анҷири хушк 55 — 70 % қанд, инчунин сафеда (6 %), оҳар (3 %), пектин (5,4 %), витаминҳои A, B1, В2, С, намакҳои органикӣ, оҳан, фосфор (263 мг%), калий, калсий, мис, магний, гликозидҳои антосианӣ, кислотаҳои пантотенӣ ва фолий дорад. Дар баргҳои растанӣ моддаҳои катрондор, кислотаи аскорбин, рутин ва равғани эфирӣ мавҷуд ҳастанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, анҷир таъсири исҳоловар, пешоббарор ва балғамронанда дошта, сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд.
«Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои зиққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайраро муолиҷа менамуданд»,-баён медорад ҳамсуҳбати мо.
Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби киҷҷаронӣ аст. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Дар «Махзану-л-адвия» омадааст, ки «беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он ҷиҳати хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст. Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом талъини батн намояд, шикамро мулоим гардонад».
Малика Насруллоева изҳор медорад, ки ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда ва камхунӣ истифода мебаранд.
«Чойи анҷирқоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиҳанд. Тухми анҷир давои исҳоловар аст. Шираи анҷирро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд»,-афзуд мавсуф.
Бино ба маълумоти Чолинус, анҷирқоқ меъдаро тоза менамояд. Ба ақидаи Абуалӣ ибни Сино, истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, ба гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза менамояд. Барги анҷир барои илоҷи шукуфа фоида дошта, онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мебаранд.
Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад».
Малика Насруллоева иброз медорад, ки аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки истифодаи анҷир ба саломатии инсон нафъи калон мебахшад ва хавфи бемории дилро кам менамояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд






