МАВЗЕЪҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСТИРОҲАТИИ ТОҶИКИСТОН. Асоси воситаи табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм»- обҳои маъданноки дармонбахш
ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои беҳтарини курортӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки тамоми фасли сол фаъолият менамояд, осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мебошад. Ин осоишгоҳ бо камоли хушнудӣ тамоми фасли сол меҳмонони хориҷиву дохилиро дар Тоҷикистони офтобӣ ва кӯҳҳои пурасрори он истиқбол намуда, онҳоро бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ шинос менамояд. Ин осоишгоҳ соли 1935 таъсис ёфта, дар масофаи 50 километр дуртар аз пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб, дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки соли 2011 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири асосии шифохонаи «Хоҷа Оби Гарм» оғоз гардид. Давоми қариб 90 соли фаъолият шифохона мақоми ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.
Асоси воситаи табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм» обҳои маъданноки дармонбахш ҳастанд. Обҳои маъданноки осоишгоҳ дорои азоти креминистӣ, сулфату гидрокарбонат буда, ҳарорати гармии он аз +56 то +96 С дараҷаро дар бар мегирад.
Дар осоишгоҳ ҳуҷраҳои бароҳат, ки бо ҳама чизҳои зарурӣ барои зист ва истироҳати меҳмонон муҷаҳҳаз шудаанд, ба якчанд категорияҳо тақсим мешаванд — муқаррарӣ, роҳат, истиқоматгоҳ, VIP.
Дар шифохонаи «Хоҷа Оби Гарм» 3 маҳал хӯроки мутаносиб тартиб дода шудааст. Барои хӯрокпазӣ маҳсулот ҳамарӯза дастрас мешавад. Инчунин дар он кормандони тиббии махсус фаъолият мебаранд. Меъёри асосии интихоби кадрҳо хушмуомилагӣ ва ба одамон хоҳиши ёрӣ расонидан мебошад.
Бояд гуфт, ки «Хоҷа Оби Гарм» дар мавзеи хушманзараи кӯҳсор воқеъ гардидааст. Шифохонаро кӯҳҳо иҳота намудаанд, ки дар онҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Сарчашмаи буғи радонҳои табиӣ омилҳои шифобахши асосӣ мебошанд.
Маҷмуи васеи муолиҷаҳои тиббӣ дар баробари омилҳои табиӣ барои барқароркунии саломатӣ мусоидат менамоянд. Дар шифохона муолиҷаҳои физиотерапевтӣ, фитотерапевтӣ, табобати радонӣ пешкаш мешаванд.
Ин мавзеъро яке аз муҷизаҳои беохири табиӣ, сарчашмаи қувваи ҳаёт гуфтан мумкин аст, зеро дар ин ҷо ҳар одам саломатии худро барқарор намуда метавонад.
Дар осоишгоҳ маҷмааи саломатӣ барои 700 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ҷойҳои истироҳатӣ ва биноҳои муассисаҳои тандурустӣ рушд намудаанд.
Истироҳатгоҳ дар тамоми ҷаҳон яке аз мавзеъҳое мебошад, ки ба ҷои воситаҳои табобатӣ буғи радиоактивӣ истифода мешавад.
Ҳамзамон дар дараи Варзоб дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр Маҷмааи меҳмонхона ва фароғатии «Сароб» ҷойгир аст.
Осоишгоҳ соли 2004 ба фаъолият оғоз намудааст. Бинои осоишгоҳ сеошёна буда, дорои 60 кат ва 30 ҳуҷраи як, ду, се ва 4- нафара мебошад.
Дар ҳудуди он манбаи беназири радон, ягона гейсер- гармии ҷаҳон бо ҳарорати + 98 ° C мавҷуд аст, ки барои табобату фароғат хеле муфид мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумот дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 муассисаи санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 4, Вилояти Хатлон- 9, вилояти Суғд- 18, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 7 муассиса фаъолият мебарад, ки ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ пайваста хизмат мерасонанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд






