МегаФон Тоҷикистон: алоқаи боэътимод — дар дилхоҳ боду ҳаво

Январь 25, 2024 13:59

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин оператори имконияти нави рақамӣ ​​дар зиёда аз ним ҳазор иншооти алоқа системаи идоракунии дурдасти мониторинги дастгоҳҳои дизелӣ-генераториро, ки барои таъмини таҷҳизот бо неруи барқ истифода мешаванд, озмоиш намуд. Баландбардории самаранокии назорат дар баробари истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия ​​ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки муштариёнро, пеш аз ҳама, дар вақти қатъшавии кӯтоҳмуддати барқ бо алоқа таъмин намояд.

Аксари пойгоҳҳои базавии ширкат дар манотиқи дурдасти кӯҳистон ва дур аз хатҳои интиколи барқ ​​ҷойгир шудаанд. Ҳатто дар шаҳрҳо зарур меояд, ки манбаъҳои иловагии неру ​​истифода бурда шаванд, то таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ дар сардиҳои шадид, ҳангоми боридани барф ва ё дар ҳолати қатъи садамавии шабакаҳои берунии барқ кор намоянд. Зиёда аз нисфи минтақаҳои пойгоҳҳои базавии оператор бо таҷҳизоти дизелӣ таъмин шудаанд. Дар ҳар пойгоҳи даҳум панелҳои офтобӣ ва генераторҳои бодӣ насб шудаанд. Ҳамчунин барои кори бефосилаи алоқаи ширкат дар пойгоҳҳои базавӣ батареяҳои аккумуляторӣ истифода мешаванд.

Эътимоднокии шабака тавассути системаи нави мониторинг, ки ҳамчунин барои дастраскунии маълумот дар бораи миқдори сӯзишвории дастгоҳҳои дизелӣ аз фосилаи дур имкон медиҳад, баланд бардошта шавад. Таҳияи муҳандисони «МегаФон Тоҷикистон» — лоиҳаи пуркунӣ ва назорати истеъмоли сӯзишворӣ дар реҷаи санҷишӣ аллакай дар 18 пойгоҳи базавии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ амалӣ шудааст. Қаблан барои тафтиши миқдори сӯзишворӣ дар генератори дизелӣ ягона роҳ вуҷуд дошт — шахсан ба майдони пойгоҳи базавӣ омадан. Аммо он на ҳамеша натиҷаи хуб медод: дар вақте, ки агар барқ қатъ нашуда бошад, пас то лаҳзаи омадани муҳандисон зарурати пурра намудани миқдори сӯзишвории таҷҳизот ба миён намеояд. Акнун маълумот ба таври худкор қабул мешавад. Ин ба мутахассисон имкон медиҳад, ки дар хусуси пур намудани сӯзишворӣ ё баръакс, худдорӣ аз боздиди назоратӣ аз пойгоҳи базавӣ қарор қабул намоянд.

«Мо нақша дорем, ки ин таҷрибаро дар саросари ҷумҳурӣ густариш диҳем. Мо интизорем, ки системаи нави мониторинг махсусан дар фасли зимистон — ҳангоме барфтӯдаҳо роҳро то ба мавзеъҳои кӯҳистон мушкил месозанд, таъсири назаррас хоҳад дошт. Таъмири нақшавии техникии таҷҳизоти дизелӣ, яъне иваз намудани равған ва маҷмуи филтрҳо бояд ҳар 300 соат анҷом дода шавад. Агар дизел истифода нашавад ва қувваи барқ ​​аз хатҳои барқ интиқол ёбад, метавон фосилаи байни боздидҳои муҳандисонро аз иншоот зиёд намуд. Аммо дар баробари ин, ҳадафи асосӣ бетағйир боқӣ мемонад: 24 соат дар дилхоҳ боду ҳаво муштариёни мо бояд дар тамос бошанд», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.

Оператор инчунин ба нақша гирифтааст, ки насби генераторҳои дизелӣ ва батареяҳоро дар иншооти алоқа дар саросари мамлакат идома бахшад. Ояндаи наздик барои майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ садҳо батареяҳои аккумуляторӣ, ки кори мустақили воситаҳои алоқаро ҳангоми маҳдудият ва/ё қатъи садамавии неруи барқ вусъат мебахшанд, харидорӣ мешаванд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 25, 2024 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд