МОҲИПАРВАРӢ. Соҳае, ки аз ҷиҳати даромаднокӣ дар ҷойи аввал меистад
ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 110, 5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 37, 4 фоиз зиёд мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли 2023 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 4538, 8 тоннаро дар бар мегирад. Дар ин давра сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 3266, 3 тонна, Суғд 821, 3 тонна, ВМКБ 1,1 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 450, 1 тоннаро ташкил додааст.
Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 2365, 4 тонна намуди пешониғафси сафед (толстолобик), 436, 4 тонна — зағорамоҳӣ (сазан), 454, 1 тонна — гулмоҳӣ, 489, 5 тонна — амури сафед, 17, 5 тонна — суфмоҳӣ ва 779, 5 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гўшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид. Тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда, аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шуданд. Ҳадаф аз ин иқдом таври шоиста ба роҳ мондани рушди соҳа ва ҷалби бештари соҳибкорон ба моҳипарварӣ мебошад.
Дар Хатлон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёд мегардад
Тавре аз омори дар боло овардашуда бармеояд, дар ҷумҳурӣ дар парвариши моҳӣ хоҷагидорони вилояти Хатлон натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардидаанд. Соли 2023 дар ин вилоят шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 39 адад зиёд мебошад. Моҳипарварони вилоят мақсад доранд, ки аз ҳар гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ дар оянда содироти онро ба хориҷи мамлакат ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш ёфта истодаанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад.
Ҳамчунин ҷиҳати таъмини моҳичаҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дошта, дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шуда, бозтавлиди моҳичаҳо роҳандозӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 10 миллион моҳича дар як сол буда, баъди якмоҳагӣ тибқи талабот онҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар фиристода мешаванд.
Дар вилояти Хатлон бо мақсади барқарор намудани экосистемаҳои дарёҳо ҳамасола таҷрибаи ба обанборҳо сар додани моҳичаҳо анҷом дода мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудаанд, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар яке аз ноҳияҳои вилоят — Данғара соли 2022 истеҳсоли гўшти моҳӣ 40 тоннаро ташкил дод. Дар се моҳи аввали соли 2023 бошад дар ин ноҳия 7,5 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол шудааст. 26 хоҷагии моҳипарвари ноҳия айни замон дар 30 гектар замин дар ин самт фаъолияти босамар доранд. Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» аз ҷумлаи ин хоҷагиҳои моҳипарварист, ки дар он нахустин маротиба дар Тоҷикистон парвариши моҳии навъи «бестер» амалӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Муъминобод моҳи сентябри соли 2019 дастур дода буданд, ки дар ноҳия соҳаи моҳипарварӣ рушд бахшида шавад. Обанбори ноҳия, ки аз соли 1958 мавриди истифода қарор гирифтааст, барои обёрӣ намудани заминҳои таҳдашт пешбинӣ шуда буд. Акнун дар он истеҳсоли моҳӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ба ин хотир, бо ибтикори роҳбарияти ҶДММ «Меҳвар» аз вилояти Суғд 700 ҳазор моҳича, аз ҷумла, амури сафед оварда, дар он сар доданд. Ин имкон медиҳад, ки моҳипарварон аҳолии ноҳия ва берун аз онро бо моҳӣ таъмин намоянд. Айни замон дар ноҳияи Муъминобод ду ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд аст.
Мавриди ёдоварист, ки соли 2017 дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти афзун намудани захира ва навъҳои гуногуни моҳӣ, дар доираи маъракаи такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар ду марҳила аз ҳавзҳои ҶС «Моҳии тоҷик» ба обанбори «Баҳри тоҷик», ки ҳоло дар он моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ, суфмоҳӣ, амури сафед ва сиёҳ, пешонағафси аъло, гулмоҳӣ, зармоҳӣ ва мормоҳӣ парвариш меёбанд, зиёда аз 1 млн дона моҳичаҳо, аз қабили навъҳои капур, амури сафед ва пешонапаҳн сар дода шуданд.
Соли 2022 дар вилоят беш аз 800 тонна моҳӣ ба маблағи умумии 19,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст. Дар 11 моҳи соли 2023 бошад дар вилоят 821, 3 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.
Бо назардошти рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Гулистон коргоҳи консервабарорӣ ташкил мегардад. Дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ» корҳои навсозии коргоҳи консервабарорӣ идома доранд. Ояндаи наздик дар ин коргоҳ бо истифода аз гӯшти моҳӣ консерва истеҳсол ва басту банд мешавад.
Дар Бадахшон нахустин маротиба ба парвариши гулмоҳӣ шуруъ намуданд
Бадахшон дорои кӯлҳои зиёде мебошад, ки метавон дар онҳо моҳипарвариро ривоҷу равнақ бахшид. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гидрологӣ, дар Бадахшон зиёда аз 1500 ҳавзу обанбори гуногуни табиӣ вуҷуд дошта, дар баъзе обанборҳо захираи кофии моҳӣ мавҷуд аст. Калонтарин ҳавзҳои дорои захираҳои моҳии молӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инҳо обанборҳои Булункӯл, Яшилкӯл, Зоркӯл, Чаканкӯл, силсилакӯлҳои Друмқӯл, Трумтайқӯл мебошанд. Соли гузашта дар ноҳияи Дарвоз парвариши гулмоҳӣ- яке аз моҳиҳои гаронарзиш, зебову нодир ва барои саломатии инсон муфид ба роҳ монда шуд.
Сокини деҳаи Хумбиварии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Шуҳрат Беков дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ се ҳавзи сунъии моҳипарварӣ бунёд намуда, нахустин маротиба парвариши гулмоҳӣ ё фареллро ба роҳ монд. Ҳарчанд дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ надошт, аммо сарфи назар аз он ба парвариши яке аз моҳиҳои нодир машғул гашт. Азбаски хонааш дар болооби рӯдхонаи Хумбов ҷойгир аст ва оби тозаву мусаффо дорад, вай қарор дод, ки ба парвариши гулмоҳӣ шуғл варзад. Дар як-ду соли аввал комёб нашуд. Моҳиҳо талаф ёфтанд, аммо ӯ руҳафтода нашуд. Ба деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат рафт ва чанд муддат аз моҳидорони ин деҳа тарзи парвариши ин намуди моҳиро омӯхта, боз аз сари нав ба ҳавзҳояш моҳии фарелл партофт. Омӯзиш ва таҷрибаи моҳипарварони деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат дар фаъолияти минбаъдааш кумак намуд. Ҳоло шумораи гулмоҳӣ дар се ҳавз то ба ҳафт-ҳашт ҳазор расидааст. Ғизоро барои моҳӣ аз шаҳри Душанбе харид менамояд. Нархи як кило моҳӣ 25 сомонӣ аст. Албатта, ин нарх каме гарон аст ва барои ҳамин ҳанӯз аз ин соҳа даромади дилхоҳ ба даст намеорад. Аммо ба оянда назари нек дорад ва мехоҳад, ки бозори фурӯши яке аз намудҳои беҳтарини моҳиро дар вилоят васеъ намояд. Зеро гулмоҳӣ аз ҷиҳати ғизонокӣ дар байни намудҳои дигари моҳӣ дар ҷои аввал меистад ва талабот ба он дар бозори дохилӣ хеле зиёд аст.
Айни замон бо дастури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба омӯзиши ҳавзҳои навбунёди моҳипарварӣ машғул аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади рушди ин соҳа тасмим гирифтааст, ки ҳавзҳои нави моҳипарвариро ба кор андозанд.
Соли 2022 аз вилояти Суғд 40 ҳазор моҳича оварда, ба ҳавзҳои моҳипарварии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа сар дода шуданд. Ҳоло шумораи ҳавзҳои сунъии моҳипарварӣ дар вилоят ба 15 адад расида, 5 ҳавзи дигари моҳипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва ба кор андохта мешавад.
Дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон беш аз 60 намуди моҳӣ мавҷуд аст
Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.
Ҳар сол дар дунё барои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза озмунҳо гузаронида мешаванд. Соли 2002 дар Женева барои сифати моҳӣ Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, ба ҳолати моҳи июли соли 2023 дар ҷумҳурӣ 381 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати 2744 гектар фаъолият доштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад.
Ҳоло бо назардошти сермаҳсулӣ соҳибкорон бештар ба парвариши моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад
60 фоизи обҳои тозаи Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Ба гуфти коршиносони соҳа, аз ин миқдор об ба ҳисоби камтарин имкони дар як сол дар Тоҷикистон то 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намудан вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридор арзёбӣ мешаванд. Тавре ихтиолог (мутахассис ва олими соҳаи моҳишиносӣ) Аҳмадҷон Ғафуров аз давраи то замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, иброз дошт: «Замоне ба вилояти Уляновски Русия аз Тоҷикистон моҳӣ содир мешуд. Мо онро бо қатора зинда мебурдем. Нархаш дар Тоҷикистон 1 сӯм буд, барои онҳо 1, 5 сӯм нарх мегузоштем. Бо вуҷуди он ки дар он давра дар Русия аз уқёнусҳо 10-11 миллион тонна моҳӣ сайд мешуд, моҳии моро низ мехариданд, зеро аз ҷиҳати экологӣ тоза буд».
Номбурда бар он андеша аст, ки барои ҳалли масъалаҳои соҳаи моҳипарварӣ пеш аз ҳама, омода намудани мутахассисон лозим аст.
«Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои тайёр кардани мутахассисони соҳа кафедра кушоданд, вале он талаботи ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонад. Бинобар ин, факултет кушодан зарур аст. Баъдан, бояд мутахассисони барҷастаро аз мамлакатҳои дигар даъват намоем, чунки олимони соҳаро низ надорем. Ба андешаи ман, мутахассисонро дар Федератсияи Русия тайёр намудан беҳтар аст, зеро он ягона давлатест, ки мутахассисони доираи фаъолияташон васеи соҳаро омода менамояд. Пас аз он ки соҳиби мутахассис гардидем, бояд ҳар чӣ зудтар дар ҷумҳурӣ донишкада ё ҳатто донишгоҳ кушоем»,- пешниҳод намудааст Аҳмадҷон Ғафуров.
Мавсуф дар тақвияти гуфтаҳояш чунин мисол овардааст: «Давлати Туркия соли 1974 ҳамагӣ 14-15 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намуд, аммо дарҳол 8 донишкадаи соҳаи моҳипарварӣ таъсис дод. Айни ҳол туркҳо истеҳсоли моҳиро ба 1 миллион тонна расонидаанд. Ҳарчанд ки моҳипарварӣ дар Туркия пешаи басо заҳматталаб аст, чунки оби он ҷо дар таркиб оксигени кофӣ надорад ва онро бо нитрогени моеъ коркард намудан лозим меояд».
«Аслан, дар соҳаи парвариши ҳайвонот аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад. Баъдан, мурғпарварӣ, асппарварӣ, гӯсфандпарварӣ ва парвариши чорвои калон дар қатори бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи махсус лозим аст»,-афзуд коршинос.
Афзун гардонидани парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ на танҳо бозорҳои мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин менамояд, балки ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва шикори моҳӣ ба рушди агросайёҳӣ низ мусоидат менамояд.
Моҳӣ — хӯроки парҳезӣ ва давобахши бемориҳо
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограмм тавсия мешавад.
Ба гуфтаи табибон, гӯшти моҳӣ дар таркибаш сафеда, аминокислота, йод, фтор, калтсий, марганес, синк, селен, оҳан, магний, фосфор, бром, витаминҳои A, D, F, E, С; PP, ва ғайра ғизоҳои фоидаовари табиӣ дорад, ки боиси расогии ақл, пешрафти зеҳн ва пешгирикунандаи хушкии пӯст мебошад. Ин витаминҳо барои зебо нигоҳ доштани зоҳир ва солимиву дарозумрии инсон мусоидат менамоянд. Хусусан, ҳуҷайраҳои пӯсти чеҳраро ҷавон, зебову таранг нигоҳ медорад. Аз тамоми касалиҳои меъда ва фарбеҳшавӣ пешгирӣ менамояд. Имрӯз, ки фарбеҳшавӣ дар ҷаҳон масъалаи доғ аст, хӯрдани гӯшти моҳӣ барои кам гардидани вазни бадан фидаовар аст.
Коршинос иброз медоранд, ки ба ғайр аз гӯшти моҳӣ, инчунин устухони он давои беназир буда, дар таркибаш калтсий, калий ва витамини А хеле фаровон мебошад.Кӯфтаи устухони моҳӣ дар нест намудани ҳуҷайраҳои саратон (раковая клетка) ёрӣ мерасонад. Инчунин маълум гардид, ки гӯшт ва устухони моҳӣ аз ҳама муҳим ба иллатҳои вобаста ба майнаи сар, аз ҷумла саръ (эпилепсия) фоида дошта, ҳамзамон, барои пешгирии касалиҳои сироятшавандаи вирусӣ ва зуком давои беҳамто мебошад.
Тавре дар илми тиб исбот шудааст, моҳӣ иммунитети баданро боло мебардорад, хусусан тухми моҳӣ (икра) барои пешгирӣ ва ҳатто барои табобати касалиҳои қанд, гурда ва фарбеҳшавии бемеъёр айни муддао буда, боиси мустаҳкамшавии мушакҳои дил мегаштааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз