ФАРОҒАТУ ТАБОБАТ ДАР «ЗУМРАД». Муассисаҳои санаториву курортии Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон омода мебошанд
ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳат ва ҳам табобат фароҳам меоранд.
Ин навбат АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир ба осоишгоҳҳое, ки дар вилояти Суғд ҷойгир мебошанд, маълумот пешниҳод менамояд.
Осоишгоҳи «Шифо» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷойгир аст. Осоишгоҳро истироҳаткунандагон ва сайёҳон ҳамчун макони табобату истироҳат қарор дода, ба он аз ҷиҳати ҳолати хуби санитарию беҳдоштӣ баҳои баланд медиҳанд.
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд инчунин осоишгоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Соҳил» ҷойгир мебошад, ки он низ чун макони табобату истироҳат шинохта шудааст.
Ҷамъияти саҳомии осоишгоҳи «Зумрад» яке аз маъруфтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ буда, дар кӯчаи Собитов 200-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷойгир аст.
Дар ин осоишгоҳ ҳамасола шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷ аз давлатамон низ саломатиашонро барқарор менамоянд ва аз табиати зебои он баҳра мебардоранд.
Бояд гуфт, ки осоишгоҳи «Зумрад» дар масофаи 3 км аз маркази шаҳри Исфара, 110 км аз маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд, дар соҳили дарёчаи Исфара, қисми ҷанубу ғарби водии Фарғона ва дар домани қаторкӯҳҳои Туркистон, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Иқлими табобатии «Зумрад» дар табобати бисёр бемориҳо нақши хосса дорад. Зумрад (шакли дурусти талаффузаш Зумуррад)- санги қиматбаҳои ҷилодор буда, хосияти муолиҷавӣ дорад. Оби маъдандори «Шифо» яке аз неъматҳои босамар истифодашаванда дар ин осоишгоҳ мебошад.
Ташхиси ин оби дармонбахш дар санҷишгоҳҳои «Средазгеоминвод», пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии курортология ва физиотерапияи шаҳрҳои Тошканду Москва анҷом пазируфта, натиҷаҳои дилхоҳ додааст. Таҳқиқот дар ин замина таркиби бойи ин обро исбот намуд ва ба ин васила имконият фароҳам омад, ки ин оби маъданӣ барои табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, узвҳои такяву ҳаракат, таносули занона, пӯст ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирад.
Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда, онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ороиш медиҳанд.
Умед аст, ки осоишгоҳи «Зумрад» боз ҳам ободтару дилработар гардида, ба маркази дӯстдоштаи табобативу фароғатӣ ва сайёҳӣ мубаддал мешавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






