Муассисаҳои таҳсилоти томактабии №3 ва №4-и ноҳияи Файзобод таъмири пурра шуданд
ФАЙЗОБОД, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025 муассисаҳои таҳсилоти томактабии №3 ва №4-и ноҳияи Файзобод аз ҳисоби гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири пурра шуданд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Ин муассисаҳо дар замони қабл аз истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, ба таъмири пурра ниёз доштанд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаҳо таъмири пурра гардида, дар онҳо беҳтарин шароит барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё шудааст.
Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №4-и Ҷамоати деҳоти Вашгирд Тоҷинисо Меликова иброз дошт, ки «муассисаи мо аз ду бинои дуошёна иборат мебошад. Хушбахтона, системаи канализатсионии ин биноҳо барқарор ва болопӯши онҳо иваз гардид. Дохили ҳуҷраҳою беруни биноҳо пурра таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Пеш аз таъмири пурра дар кӯдакистон ҳамагӣ 85 кӯдак тарбия мегирифт, хушбахтона, баъди таъмир барои 200 кӯдак шароити таълиму тарбия муҳайё гардидааст».
Дар ноҳияи Файзобод 4 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 467 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюми амалишавии Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” кӯдакистони №5- ноҳия таъмиру барқарор мешавад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод бунёди зиёда аз 174 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора то имрӯз зиёда аз 87 иншоот ба истифода дода шуд.
Дар иншооти боқимонда, аз ҷумла дар биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази ноҳия, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синзяни Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид






