МУСТАҲКАМКУНИИ СОҲИЛИ ДАРЁИ ПАНҶ. Дар Рӯшон 500 гектар замин ба кор андохта мешавад
ХОРУҒ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Рӯшон дар баробари обхезӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор рафта, солҳои гузашта садҳо гектар замини кишоварзӣ ва нокорами ин ноҳия бар асари обхезӣ зери об мемонд. Ҳатто дар мавсими обхезӣ солҳои пеш фурудгоҳ, роҳи мошингард ва хонаҳои сокинони маркази ин ноҳияро оби дарёи Панҷ фаро мегирифт. Аммо дар се соли охир дар натиҷаи кумакҳои пайвастаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари шусташавии соҳили дарё ва зери об мондани қитъаҳои замин бамаротиб коҳиш ёфт.
Сардори Муассисаи қитъаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯшон Хуҷаазиз Мируллоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки “то замони истиқлолият бо сабаби мавҷуд набудани техникаи пуриқтидор дар бештар маврид соҳили дарёи Панҷро аз сангҳои хурду реза бо девори муҳофизатӣ мустаҳкам менамуданд, ки он ба ҷараёни оби дарё тоб наоварда, зуд вайрон мегашт. Аммо дар айни ҳол бо истифода аз механизмҳои пуриқтидори муассисаҳои давлатию хусусӣ бо истифода аз кӯҳпораҳои азим садд бунёд менамоянд, ки ба қавли мутахассисони соҳаи беҳдошти замин садсолаҳо хароб намешаванд”.
Хуҷаазиз Мируллоев гуфт, ки «бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рӯшон роҳи алтернативӣ бунёд мешавад. Дар оянда ин роҳ маҳз аз канори дарёи Панҷ мегузарад. Ин тадбир аз ду ҷиҳат барои сокинони маркази ноҳия муҳим мебошад. Аз як сӯ, роҳи муносиби байналмилалӣ бунёд мегардад ва аз сӯи дигар, зиёда аз 400 гектар замини нокорам ба кор андохта мешавад, ки бо ин даҳҳо оила ҳам соҳиби хона ва ҳам соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд».
Соли гузашта бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Тагобҷангали деҳаи Дерзуд 115 метр садд аз нав барқарор шуд. Ҳамчунин дар рӯдхонаи Разуҷ дар водии Бартанг сангу хок пок карда шуда, дар деҳаи Дерзуд долонҳои зиддитармавӣ сохта шуданд. Дар ҳарду тарафи соҳили рӯдхонаи Сипонҷ симтӯр кашида шуд. Дар се соли охир зиёда аз 572 метр соҳили дарёи Панҷ мустаҳкам ва бо ин садҳо гектар замини сокинони деҳот аз шусташавӣ наҷот дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта зимни мулоқоти бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бавуҷудоии офатҳои табиӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниву устуворсозии инфрасохторро пурзӯр намуда, ҳар пора замини кишоварзиро оқилона истифода баранд ва бозори истеъмолии вилоятро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






