Мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон соли 2023 аз рӯи 29 лоиҳа корҳои омӯзиши геологӣ гузарониданд

Январь 30, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои корҳои иктишофи геологӣ дар соли 2023 дар мамлакат назаррас мебошанд. Чунин  иброз намуд имрӯз дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Таъкид гардид, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2023 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуд. Мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2023 корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи беш аз 17  миллион сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология гузарониданд, ки  нисбат ба соли 2022 беш аз 1 миллион сомонӣ зиёд буда,  суръати афзоиш 107 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯи геокимиёвӣ дар варақаҳои J-42-32; J-42-33; J-42-44; J-42-45», корҳои саҳроӣ дар варақаи J-42-45A оғоз гардида, хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаҳои радиометрӣ, аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯи литохимиявӣ бо гирифтани маҳак, маҳакбардории протолочкӣ, коркарди маҳакҳо, таҳлили спектралӣ, таҳлили  тилло спектралӣ гузаронида шуданд.

Бо дахли ҳамкории байналмилалии Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Илҳомҷон Оймуҳаммадзода афзуд, ки  соли 2023 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 15 ширкату ташкилот ва роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мулоқот анҷом дода, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориро дар соҳаи геология баррасӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид