Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос иштирок намуд

Январь 22, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария/Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар  ҷаласаи 54-уми солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Ҷаласаи солона аз 15 то 19 январи соли 2024 дар шаҳри Давоси Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардида, дар он зиёда аз се ҳазор нафар иштирокчӣ аз 120 кишвари дунё, дар сатҳи сарони кишварҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, молия, иқтисод ва  роҳбарони бонкҳои марказӣ ва ширкатҳои хусусии фаромиллӣ иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Январь 22, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд