НОРАСОИИ КАДРҲОИ ОМӮЗГОРӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баҳри рафъи ин мушкилӣ чӣ тадбир меандешад?

Январь 29, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 29.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ соли 2023 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 869 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба мактабҳои миёна ҷалб шуданд. Ин матлабро Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 943 донишҷӯи курсҳои сеюми равияи алоҳида ва чоруми равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона барои гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ ба 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду муассисаи томактабӣ ҷалб шуданд, ки ин ба таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ мусоидат менамояд.

«Тасмим гирифтем, ки давра ба давра донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ба муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ сафарбар намуда, мушкилоти ҷойдоштаи норасоии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф намоем», -гуфт ректори донишгоҳ.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дар айни замон беш аз 105 шартнома ва созишномаи ҳамкории дуҷонибаро бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат ва дохилӣ имзо намудааст. Дар доираи он дар донишгоҳ 3271 шаҳрванди хориҷӣ дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аввалин шуда, дар байни муассисаҳои ҷумҳурӣ дарсҳои видеоӣ пешкаш намуд. Бо ин роҳ мавзуъҳои илмӣ на фақат дастраси донишҷӯёну олимон, балки тамоми хоҳишмандону алоқамандон гардонида мешаванд.

Аз тарафи омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ зиёда аз 1200 дарси видеоии илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра, ки фарогири зиёда аз 1000 фани гуногуни омӯзишшавандаи донишгоҳ мебошанд, пешкаши ҳамагон гардонида шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, ҳамзамон таъмин намудани онҳо бо маводи таълимӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони варзидаро аз вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи миллии таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат, ҳамчунин шахсоне, ки таҷрибаи таълифи китобҳои дарсӣ доранд, ба ҳамкорӣ даъват намуд. Китобҳои таълифшуда аз ҳисоби раёсати донишгоҳ ройгон интишор гардида, ба муаллифон ҳаққи қалам (гонорар) дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли 2023 баргузор гардид, ниҳодҳои дахлдори мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби довталабон ба зинаҳои омӯзгорӣ кор баранд.

Бо ин мақсад дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пайваста Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Дар ин рўз хатмкунандагони мактабҳои миёна бо дастовардҳои назарраси факултетҳо шинос гардида, роҷеъ ба шароиту имконоти таҳсил дар донишгоҳ маълумоти зурурӣ мегиранд. Ҷиҳати ҳавасманд намудан ба онҳо доир ба мутахассисон ва хатмкардагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, бонкдорӣ, муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ, Кумитаи телевизион ва радиои нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хидмат намуда истодаанд, маълумот дода мешавад.

Рӯзи дарҳои кушод имконият фароҳам овард, то хатмкунандагони мактабҳои миёна бо усули таълим ва шароиту имконияти таҳсил дар ин махзани илм аз наздик шинос шаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?