ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки аз 15 апрел то 3 май дар дар Қатар баргузор мешавад, бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд бозӣ менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқа 16 дастаи беҳтарини қора дар 4 гурӯҳ иштирок менамоянд.
Се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Дастаи чорум дар бозии плей-офф бо яке аз дастаҳои мунтахаби қораи Африқо барои як роҳхати дигари олимпӣ талош меварзад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии Тоҷикистон баъди соли 2022 маротибаи дуюм аст, ки пайи ҳам дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд






