ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд бозӣ менамояд

Январь 1, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки  аз 15 апрел то 3 май дар дар Қатар баргузор мешавад, бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд бозӣ менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин мусобиқа  16 дастаи беҳтарини қора дар 4 гурӯҳ иштирок менамоянд.

Се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Дастаи чорум дар бозии плей-офф бо яке аз дастаҳои мунтахаби қораи Африқо барои як роҳхати дигари олимпӣ талош меварзад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии Тоҷикистон баъди соли 2022 маротибаи дуюм аст, ки пайи ҳам дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 1, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад