Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Лубнон пирӯзӣ таманно намуданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот Пешвои миллат аз футболбозон даъват ба амал оварданд, ки барои парафшонии Парчами Ватан талош намоянд.
Сарвари давлат ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии имрӯза ба муқобили тими миллии Лубнон пирӯзӣ таманно намуданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба Пешвои миллат барои дастгирии пайваставу ҳавасмандгардониҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҷавоб ба ин ғамхорию дастгириҳо талош менамоянд сазовори боварию эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мардуми тоҷику мухлисон бошанд.
Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгириии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Лубнон рақобат менамояд. Бозии мазкур дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади шаҳри Давҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дар даври аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Чин мусовӣ (0:0) бозида, дар даври дуюм аз Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.
Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






