Пешвои миллат: «Сада паёмовари Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ фаро мерасад»
ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад», — таъкид гардид дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.
Дар идома Пешвои миллат иброз доштанд, ки дигар рукни муҳимми Сада ишора ба гардиши замонӣ барои оғози корҳои мавсими нави кишоварзӣ, яъне омода намудани олоти меҳнат, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва тухмиҳои беҳтарини зироат ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар раванди баргузории ҷашни Сада ташкил намудани намоиш ва фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ амали бисёр муҳим ба шумор меравад.
Президенти мамлакат деҳқонону боғдоронро даъват намуданд, ки рӯзҳои таҷлили ин ҷашнро самаранок истифода бурда, ниҳолҳои беҳтарини дарахтону буттаҳо, гулҳо ва тухмиҳои хушсифатро ба харидорон пешкаш намоянд ва дар сабзазоркунӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






