Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Январь 27, 2024 17:03

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи талаботи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият барои аз вазифа озод намудани муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, муовини Прокурори генерали-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром Оймаҳмад ва ҷиҳати таъйин намудани Каримзода Умед Раҳматшо ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ, Азимзода Сарвар Бозор муовини Прокурори генералӣ, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Хамчунин, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намудани Ҳабибулло Амирбекзода ва Мусо Мирзозода розигӣ доданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино, Кӯшониён таъин гардиданд.

Январь 27, 2024 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд