Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Туркия дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол намуда, мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия манфиатдор ҳастем.
Аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии мамлакатҳо дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба бемайлон рушд намуданд. Ин сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркия, албатта, пеш аз ҳама, ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдуғон вобаста мебошад.
Гуфта шуд, ки парлумонҳо дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозанд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, таҳкими равобити иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу мамлакатҳоямон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад. Вақти он расидааст, ки гурӯҳҳои дӯстию иттиҳодияҳои мо ҳуҷҷатҳои байнидавлатиро, ки парлумонҳои мо тасдиқ ва қабул намудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои муфид ва мувофиқашуда манзур намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






