Сарвазири Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар бо Исматулло Насредин бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш мулоқот намуд

Январь 25, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар бо Исматулло Насредин бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ Сарвазири Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеа ва густариши ҳамкории назаррас байни ду давлат баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Покистон ва Тоҷикистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлон касб намуда, идомаи самарабахш меёбанд.

Дар ин замина ҷонибҳо омодагиашонро барои ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 25, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд