СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи истеҳсоли қанди сафед ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи истеҳсоли қанди сафед мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ин корхона бо ибтикори соҳибкори ҷавон Рустам Мӯсоев дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти «Калинин» бунёд гардидааст.
Таҷҳизоти қандбарорӣ аз Ҷумҳурии Туркия оварда шуда, дар он дар як шабонарӯз то 10 тонна қанди сафед истеҳсол мегардад.
Бунёди чунин коргоҳҳо ба паст гардидани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд. Натиҷаи ин аст, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992 4,6 баробар афзуда, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда танҳо дар ҳафт соли охир 2,4 баробар зиёд гардид.
Имрӯзҳо саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дошта, дар ин самт ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузург барои рушди низоми инноватсионии саноати миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Сиёсати созанда ва амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои ин соҳа сабаб гардид, ки ҷиҳати таъмини гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронида давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бо ҳазорон ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






