Соли 2023 ба Маркази миллии патенту иттилоот 145 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ, 1 ариза барои патент ба ихтироъ ва 1 аризаи гирифтани патент ба намунаи саноатӣ пешниҳод гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Вобаста ба тақвияти соҳа, таъмини рушди нишондиҳандаҳои моликияти саноатӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин давра корҳои назаррас анҷом дода шуд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра муассиса таваҷҷуҳи асосиро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пайвасти ихтироот ба истеҳсолот, рақамикунонии соҳа, ташаккули захираи миллии иттилоотӣ ва пешгирии ҳолатҳои асардуздӣ равона намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва пешбурди низоми самараноки корӣ, инчунин таъмини иҷрои сифатноки супоришҳои Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии муассиса иштироки ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ дар озмун ва намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ таъмин шуд, ки дар натиҷа иштирокчиён соҳиби ҷойҳои намоён ва сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Иброз шуд, ки соли 2023 новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди нишондиҳандаҳои соҳаи моликияти саноатӣ таъмин шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 ба муассиса ҷиҳати сабти тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ 767 ариза ва бо расмиёти байналмилалӣ ба муассиса 2094 дархост барои бақайдгирии тамғаи молӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 156 ва 158 адад зиёд мебошанд.
Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳо 1 патент ба ихтироъ, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ба патент, 128 нахустпатент ба ихтироъ, 606 шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент ва 526 шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ дода шудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






