«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Шарҳи коршиносон доир ба ҳадафҳои эълони ин сол

Январь 12, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 12.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Чунин нигоштаанд ҳуқуқшинонсони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мақолаашон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024  аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои ин солро муайян ва ошкор намоем:

  1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
  2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.
  3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он.
  4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.
  5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
  6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.
  7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.

Барои пурра ва мукаммал дарки ин ҳадафҳо онҳоро шарҳ медиҳем.

  1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:

— дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ;

— ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;

— тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;

-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид намудани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ.

Гузаронидани ин тадбирҳо ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

  1. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.

Арзишҳои ҳуқуқӣ арзишҳое фаҳмида мешаванд, ки дар қонун комилан ё қисман таҷассум ёфтаанд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кумаки мутақобила, яъне арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чорчӯбаи қонун ва ахлоқ амал менамоянд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд. Арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ дар шароити волоияти қонун бо мазмуни нав пур шудаанд, зеро падидаи ҳуқуқӣ вобаста ба тағйирёбии шароити иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ метавонад рушд ёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити муосир ташаккул ёфтааст, қодир аст кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ бошад.

Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбӣ, самтҳо, муносибатҳое, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин ташаккули шуури ҳуқуқиро таъмин мекунанд.

Масалан тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои хонандагон ва донишҷӯён- ин фаъолияти мақсадноки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, техникумҳо, донишкада ва донишгоҳҳо), ки ба фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии муассилин дар асоси арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ нигаронида шудааст.

Ин тарғиб бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

-фароҳам овардани шароит барои ошкор ва рушди қобилияти эҷодии донишҷӯён, худмуайянкунии шаҳрвандӣ ва худшиносӣ дар рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонӣ;

— ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён;

— ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ;

— ташаккули сифатҳои шахсии барои фаъолияти самараноки касбӣ зарурӣ;

— тарбия намудани малакаҳои идоракунии даста дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён;

— мустаҳкам намудан ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, кушиш ба тарзи ҳаёти солим, тарбия намудани муносибати оштинопазирона ва рафтори зиддиҷамъиятӣ;

— пешгирии ҷинояткорӣ.

  1. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он.

Институти ҳуқуқи инсон муҳимтарин институти ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Оғози ибтидоии ташаккули мақоми ҳуқуқии шахс аз он иборат аст, ки шахс ба шаҳрвандии давлати муайян мансуб аст, ки қобилияти ҳуқуқии ӯ бевосита аз он бармеояд. Асоси ҳуқуқии ташаккул ва рушди он принсипҳои умумибашарӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон, амали бевосита, баробарӣ ва принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои давлат мебошад. Ҳамаи ин принсипҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳо самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намуда, асоси мақоми ҳуқуқии он мебошанд. Мазмуни институти ҳуқуқи инсон маҷмуи ҳуқуқу озодиҳое мебошад, ки онҳоро ба ҳуқуқҳо дар соҳаи бехатарии шахс, ҳаёти шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақсим намудан мумкин аст.

Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун- ин муносибати эҳтиромонаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аст, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бе эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

  1. 4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.

Баланд бардоштани мақоми қонун (волоияти қонун) яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳо аст. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд.

Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипи асосии зерин амалӣ мегардад:

— шинохти қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он;

— тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ вазифадор ҳастанд, ки дар доираи қонун амал намоянд ва ҳуқуқ надоранд ба он мухолифат намоянд;

— ҳама гуна қоидаҳо, меъёрҳо ё қарорҳое, ки ба қонун мухолиф мебошанд, эътибор надоранд ва татбиқ намешаванд;

— риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгӯишаванда таъмин мегардад;

— судҳо ҳуқуқ доранд, ки риояи волоияти қонунро назорат намоянд ва қарору амали ғайриқонунии мақомоти давлатиро бекор созанд.

  1. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.

Рафтори ҳуқуқӣ як навъи рафторе аст, ки дар он ирода ва амалҳои (амал ё беамалии) шахс ба меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда мувофиқат менамоянд. Ба маънои дигар, рафтори ҳуқуқӣ рафтори шаҳрванди қонунриоякунанда аст. Рафтори ҳуқуқӣ натиҷаи маърифати ҳуқуқии ташаккулёфта мебошад. Дар навбати худ, худи маърифати ҳуқуқӣ ба эътирофи арзишҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва институтҳои ҳуқуқӣ ҳамчун танзимгари беғаразонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ асос меёбад. Масалан дар муассисаҳои таълимӣ рафтори ҳуқуқии донишҷӯёнро танҳо дар сурате ташаккул додан мумкин аст, ки агар барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ маърифати умумии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Яъне рафтори ҳуқуқӣ дар ҳолати мавҷуд будани ду шарт ташаккул дода мешавад: сатҳи зарурии шуури ҳуқуқӣ ва сатҳи зарурии маданияти ҳуқуқӣ. Агар ин ду шарт мавҷуд бошанд, мо метавонем бигӯем, ки мо  шаҳрванди риоякунандаи қонун мебошем.

Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ яке аз муҳимтарин принсипҳои масъулияти ҳуқуқӣ, шарти асосии самаранокии он мебошад. Аҳамияти пешгирикунандаи ҷазо на бештар аз вазнинии он, балки ба ногузирии он вобаста аст. Ногузир будани масъулият маънои онро дорад, ки ягон ҳуқуқвайронкунӣ набояд ошкорнашуда, аз назари давлат ва ҷомеа бе вокуниши манфии онҳо дур намонад. Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тамоми қувваи қонунро истифода баранд, то ки одамон дар ҳар маҳал ғамхории давлатро дар бораи сулҳу осоиш ва поквиҷдонии худ ҳис намоянд ва мутмаин бошанд, ки ягон ҳуқуқвайронкунанда аз ҷавобгарӣ раҳо намешавад.

Ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳама ҳуқуқвайронкунӣ бояд вокуниши давлатро ба бор орад. Ин вокуниш дар ҷазои ногузир ба ҷинояткор ва барқарор намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода меёбад. Ҷазо ҳамчун аксуламали ногузир на ба хотири худ, балки ба хотири як ҷанбаи дигари ногузир амалӣ мешавад – то дар оянда субъект вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо вайрон накунад. Ба ин вазифаҳои пешгирикунандаи тарбиявӣ ва хусусӣ ҳамзамон бо вазифаҳои ҷазодиҳӣ ва барқарорсозӣ низ мусоидат менамоянд, зеро танҳо ҷазо ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқиро таъмин намуда наметавонад.

  1. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.

Иттилооти ҳуқуқӣ маҷмуи тадбирҳое аст, ки дар давлат ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва ташкилот ба иттилооти ҳуқуқӣ дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилоти давлатӣ, дигар мақомоту ташкилоте, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан доро мебошанд.

Принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот инҳоянд:

а) дастрас ва ошкоро будани иттилоот;

б) ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;

в) сари вақт пешниҳод намудани иттилоот;

г) ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд;

д) ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;

е) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот;

ж) маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани қонун танҳо ба ҳадде, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат, обрўву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад.

Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбат ба ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:

а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;

б) дар бораи ҳолатҳои фавқулодае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгўиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;

в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилот бархӯрдор мебошанд;

г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;

д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилот ва шахсони мансабдори онҳо.

  1. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.

Дар назди таҳсили ҳуқуқии муосир вазифаи тайёр намудани  мутахассиси босалоҳият ва рақобатпазир меистад. Касби ҳуқуқшинос на танҳо маҳорати касбӣ, балки бенуқсон донистани забони давлатӣ ва беш аз ду забони хориҷӣ, маҳорати дақиқ, возеҳ ва мантиқии андешаро тақозо менамояд. Маълум аст, ки калом дар ҳар як соҳаи фаъолияти ҳуқуқшиносӣ воситаи асосӣ барои пешбурди дурусти кор мебошад. Салоҳияти касбии ҳуқуқшинос хусусияти қобилияти ӯ дар ҳалли масъалаҳое мебошад, ки хусусияти фаъолияти касбӣ, вижагиҳои салоҳияти забони хориҷӣ ва тафовути таҷрибаи ватанӣ ва хориҷиро дар соҳаи ҳуқуқ инъикос менамояд. Салоҳияти касбии забони хориҷӣ ҳамчун мафҳуми педагогӣ бояд чунин ҷанбаҳои фаъолияти касбии ҳуқуқшиносро, аз қабили ҳавасмандӣ-ихтиёрӣ, функсионалӣ, коммуникативӣ ва рефлексивиро инъикос намуда, дониш, малака ва маҳорати ҳалли масъалаҳои мушаххаси фаъолияти касбии ҳуқуқшиносонро муттаҳид созанд. Салоҳияти касбии забони хориҷӣ ба чор гурӯҳ тасниф мешавад: лингвистӣ-коммуникатсионӣ, функсионалӣ-методӣ, касбӣ-амалӣ ва равонӣ.

Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои гуфташуда равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд.

Дониёр САНГИНЗОДА,
 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини ректор оид ба корҳои илмии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

Шуҳрат КАМОЛЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 12, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд