ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад

Июнь 19, 2026 17:49

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои мамлакат омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  19 ва 22 июн бо сабаби боридани борон дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Сокинон қабл аз боридани борон  бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна санг,  хасу хошок тоза кунанд, то оби сел роҳи гузаштан дошта бошад ва ба ҳавлию қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад. Ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро паст намуда, аз таваққуф дар мавзеъҳои хавфи ярч ва сел худдорӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2026 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид