ТАШАББУСҲОИ СОҲИБКОРОНРО ҲАМАТАРАФА ДАСТГИРӢ НАМОЯНД! Ин дастури Сарвари давлат намояндагони соҳаро руҳбаланду ҳавасманд сохт

Январь 4, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф сохтани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд. Ин дастуру супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 баён шуд, боиси руҳбаландии соҳибкорони мамлакат гардид. Чунин нигоштааст сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Эркин ДОСТИЕВ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи мақолаи мазкур дар зер оварда мешавад.

— Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян намудааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.

Соли равон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

«Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси Тоҷикистон барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям»,- изҳор доштанд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Таъкид шуд, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Иброз гардид, ки бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар Тоҷикистон сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст гардид. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Данғара Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон — дастур барои ояндаи дурахшон
Истифодаи нуриҳои маъданӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд