ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9600 то 10.9700 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9509 сомонӣ;
1 евро – 11.9847 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1252 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9600 то 10.9700 сомонӣ;
1 евро аз 12.0000 то 12.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1250 то 0.1260 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».