Вакилони Маҷлиси намояндагон ба интихобкунандагон дар ноҳияи Шоҳмансур нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистонро расониданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода бо интихобкунандагон мулоқот намуда, ба онҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» расониданд.
Вакилон иброз намуданд, ки мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, пеш аз ҳама, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар сокини мамлакат мебошад.
Бинобар ин моро зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ омилҳои зарурӣ ба инобат гирифта шаванд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуданд, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат ҳамчун яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои муҳим ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ баҳри эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши равшан дорад.
Дар давраи сипаришуда ташаббусҳои қонунгузории вакилон ба татбиқи ҳарчи зудтари ҳадафҳои стратегии давлат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба таҳкими минбаъдаи иқтидори давлат ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.
Дар анҷоми мулоқот вакилон Саидмурод Фаттоҳзода ва Фозил Обидзода ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфтанд.
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома доранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






